Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Коллеҷи хусусии омӯзгории «Асосгузор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Боргоҳи илму маърифат бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Раванди дарс дар муассисаи нави таълимии 2-ошёна, ки барои 400  донишҷӯ пешбинӣ гардидааст, бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Коллеҷ дорои 8 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, ҳар яки он дорои мизу курсӣ, тахтаи электронӣ ва дигар аёнияти хониш мебошад.

Бо ифтитоҳи бинои нави Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” 20 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид.

Таълимгоҳ дорои синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, чопи маводи дарсӣ, толори маҷлис борои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар коллеҷи мазкур барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» шинос шуданд

24 май дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» шинос шуданд.

Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и «Ширкати алюминийи тоҷик» бо назардоштаи талаботи муосир дар се марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ мебошад.

Муҳлати амалишавии марҳилаи аввали лоиҳа 14 моҳро ташкил медиҳад ва иқтидори истеҳсолӣ дар ин марҳила 80 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.

Марҳилаи дуюми таҷдиду навсозӣ солҳои 2025 – 2026-ро дар бар гирифта, дар ин давра қисми боқимондаи силсилаи 6-и истеҳсолоти электролиз навсозӣ карда шуда, филизи истеҳсолшаванда дар як сол 70 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.

Дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳа, ки 14 моҳ муқаррар гардидааст, силсилаи 5-и истеҳсолоти электролиз пурра навсозӣ ва дар он технологияҳои нави истеҳсоли алюминий васлу насб мегардад. Иқтидори истеҳсолӣ дар ин марҳила аз рӯи лоиҳа 150 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар гурӯҳ» — ро ба истифода доданд

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар гурӯҳ» — ро ба истифода доданд.

Корхонаи «Сипар гурӯҳ» дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва татбиқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» сохта шуда, самти фаъолияти асосии он ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.

Дар корхонаи навбунёд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст, дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст ва оянда ин нишондиҳанда афзоиш дода мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, қисмҳои алоҳида барои омода намудани нақлиёти махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ асосан аз Ширкати «STREIT GROUP» -и Амороти Муттаҳидаи Араб дастрас мегардад.

Иқтидори солонаи корхонаи нави саноатӣ ҷамъу васли 120 нақлиёт мебошад ва оянда бо назардошти талабот ин рақам афзоиш хоҳад ёфт.

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони саодатманду сарбаланди кишвар!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои муҳимми таърихи кишвари соҳибистиқлоламон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва бо дарназардошти саҳм ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва давлат дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд.

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то ба имрӯз идома дода истодааст.

Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба зиндагиву фаъолияти ин сершумортарин қишри иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Страницы