Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан Раиси Шӯрои Директорони Ширкати маъдани «Чжитсун Литий» Нан Ҷинсиро ба ҳузур пазируфтанд

18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Директорони Ширкати маъдани «Чжитсун Литий» Нан Ҷинсиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати маъдани литийи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои рушди ҳамкории пурсамар, аз қабили бунёди корхонаҳои муштарак, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди изофашуда ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва содироти он захираву имконоти васеъ мавҷуд аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ба доираҳои соҳибкорон имтиёзҳои гуногунро пешкаш мегардонад.

Дар рафти мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Ширкати маъдани «Чжитсунг Литий» ( Zhicun Lithium Co.Ltd) дорои пойгоҳҳои бисёри коркарди маъдан ва истеҳсоли намаки литий мебошад. Ширкат барои мусоидат ба ноил шудан ба хадафи пешрафт ва васеь кардани самти фаьолияташ дар як қатор кишварҳои олам марказҳои истеҳсолӣ дорад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ мулоқот намуданд

18 май дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ мулоқот намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ширкати куҳкории Зиҷинг (Zijin Mining Group Co.,Ltd) дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶСК Корпоратсияи маъдани Зиҷинг ширкати бузурги фаромиллии истихроҷи маъдан мебошад, ки фаъолияти асосии он иктишоф ва коркарди саноатии маъданҳои дорои тилло, мис ва дигар металлҳо мебошад.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои фаъолгардонии кори ширкат дар Тоҷикистон ва таҳияи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи саноати куҳӣ барои истихроҷу коркарди маъданҳо ва сарватҳои зеризаминӣ муҳокима гардиданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба бунёди корхонаҳои муштарак бо ворид кардани технологияи муосири аз ҷиҳати экологӣ тоза, истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ҷавобгу ба талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ табодули андеша намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд

18 май дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

Дар рафти вохӯрии самимӣ маҷмуи васеи масоили дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои ду давлатро дар сатҳу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” муҳокима намуданд.

Страницы