ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм
Нашр шуд. Душ, 08/05/2023 - 19:36
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Нӯҳуми май мардуми кишвари мо дар радифи дигар халқҳои сулҳдӯсти сайёра яке аз санаҳои таърихӣ – Рӯзи ғалаба бар фашизмро таҷлил мекунанд.
Ба ин муносибат, пеш аз ҳама, иштирокчиёни ҷанг ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ақибгоҳ барои ба даст овардани пирӯзӣ бар фашизм саҳм гузоштаанд, инчунин, мардуми ватандӯсту сулҳхоҳи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Ҷанги дуюми ҷаҳон барои сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон яке аз давраҳои фоҷиабортарини асри гузашта ба ҳисоб меравад.
Дар он давраҳои сангину душвор зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони мардуми табиатан ватандӯст ва қавииродаи тоҷик, яъне 20 фоизи аҳолии Тоҷикистон, ки дар он рӯзҳо ҳамагӣ якуним миллион нафар буд, ба ҷанг сафарбар гардида, аз ин шумора қариб 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳои хунин ҷони худро аз даст доданд.
Дар баробари ҷанговарон, ки дар майдони ҷанг бар зидди фашизм қарор доштанд, ҳар як сокини Тоҷикистон – калонсолон ва занону наврасон дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат мекашиданд ва дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро мегузоштанд.

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуданд.
8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ташриф оварданд.
Имрӯз, 6 май бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 



