Ахбор

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

3 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари д

Намояндагони Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Туркия бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шуданд

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар бартарафсозии пайомадҳои заминларзаҳои 6 феврали соли 2023 ва саҳмгузорӣ дар расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Президенти Туркия бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти ФИФА Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол муҳокима гардиданд.

Аз ҷумла мавзӯъҳои мавқеи футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва оммавигардонии ин намуди машҳури варзиш дар кишвари мо, ҳамчунин, тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумат ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи футбол андешидашаванда мавриди гуфтугӯ қарор доштанд.

Аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои такмили минбаъдаи пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кўдакону наврасон ва бонувон, инчунин бозии футбол дар толор (футзал) таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми бародари Узбекистонро ба муносибати баргузории бомуваффақияти раъйпурсии умимумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон табрик менамоям.

Натиҷаҳои раъйпурсӣ бори дигар боварии баланд ва дастгирии мустаҳками мардуми Узбекистонро аз роҳи стратегии Шумо, ки ба рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ дар кишвар нигаронда шудааст, тасдиқ мекунад.

Бо истифода аз фурсат ҷонибдории устувори Тоҷикистонро аз таъмиқу тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Узбекистон дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳампаймонӣ таъкид менамоям.

Ба Шумо, Шавкат Миромоновичи азиз, сидқан сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Узбекистон сулҳу некӯаҳволӣ ва пешрафти босубот орзумандам».

Страницы