Шаҳриёр Акбарзода сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
Нашр шуд. Пан, 27/04/2023 - 10:43
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон Мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони тоҷик Муллораҷаб Халифаев, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Саидшоҳ Раҳматуллоев, Абубак Шеров, Субҳиддин Халилзода, Ҳамроз Раҷабов, Додохон Қурбоналев, Суҳроб Муҳаммадев, Шаҳриёр Акбарзода, Фарзиншоҳ Ҳусейнов, Ғаниҷон Ғаниев, Саидмухтор Расулов, Наврӯзи Каримзод ва дигарон иштирок карда, бар ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати олии варзишӣ нишон дода, пайиҳам бар рақибонашон пирӯз гардиданд. Баъди ҳар давр аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқаи варзишӣ ба ғолибон дар маросими тантанавӣ туҳфаҳои қиматнок, аз қабили мошинҳои сабукрав, гов, гӯсфанд, телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ, қолин, маблағҳои пулӣ ва ғайра тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар ин мавзеи хушбоду ҳаво барои тамошои ҷараёни мусобиқа ҳаводорони гӯштин бо теъдоди беш аз 20 ҳазор ҷамъ омада, паҳлавонони дӯстоштаашонро аз аввал то охири рақобат мухлисӣ ва тарафдорӣ карда, ба онҳо каф мекӯбиданд ва ба ҳунару маҳорати гӯштингирӣ ва партофтҳои зебояшон аҳсану офарин мехонданд.

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Кооперативи тиҷоратии “Моҳипарварии Каёнуш”-ро ба истифода доданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди шуъбаи таваллуд ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара шинос шуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.



