Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёду навсозии роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант – Лолазор санги асос гузоштанд
Нашр шуд. Сеш, 25/04/2023 - 11:16
25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии «Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант — Лолазор» оғоз бахшиданд.
Бунёду навсозии қитъаи мазкур аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант” мебошад, ки дарозии он 9,72 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 22,81 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Баъд аз таҷдиду навсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 1-Б техникӣ баробар мешавад.
Бунёду навсозии марҳилаи дуюми қитъа- қитъаи роҳи мошингарди Левакант — Лолазор аст, ки бо дарозии 30,28 километр ва бо харҷи зиёда аз 19,62 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. Пас аз таҷдиду навсозӣ ин роҳ ба категорияи 3 техникӣ мутобиқ карда мешавад.
Бунёду навсозии 3 қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар — Левакант ва Левакант — Лолазор бо маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд бунёд шуда, 2 қитъаи он аз тарафи ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти барвақтии кишоварзони шаҳр дидан намуданд.
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар ба фаъолияти коргоҳи забҳи парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафаров Холназар” оғоз бахшиданд.
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизил-қалъа Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуданд.



