Конфронси СММ оид ба об дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ кадом вазифаҳоро гузошт? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Нашр шуд. Чор, 12/04/2023 - 10:18
Конфронси СММ оид ба захираҳои об аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ Дар Ню — Йорк баргузор гардид. Оё ин ба ҷаҳониён дар фаҳмидани аҳамияти об, муттаҳид кардани кӯшишҳо ва вазифаҳои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ кумак намуд ва имрӯз дар назди ҷомеаи ҷаҳон кадом вазифаҳо истодаанд? Дар ин хусус зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» профессори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Яраш Пулотов изҳори андеша намуд.
Оё конфронс барои дарки аҳамияти арзишмандтарин неъмат — об кумак намуд?
«Ҳоло дар соҳаи илму техника пешрафти босуръат ба назар мерасад, лоиҳаҳо ва технологияҳои азим таҳия ва амалӣ карда мешаванд, инсоният ба қуллаҳои баланд расидааст, аммо илм ҳанӯз имконияти ба вуҷуд овардани обро надорад. Арзишаш дар он аст, ки об ҳаёт аст»,-иброз дошт олим.
Ба андешаи номбурда, Конфронс нишон дод, ки дар шароити афзоиши фишор ба захираҳои об он дар кори ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, инчунин таъмини саломатӣ ва шукуфоии мардум ва сайёра нақши муҳим мебозад.



8 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфтанд.



