Сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок мусоидат менамояд

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин дуюмин сафари сатҳи баланди роҳбарияти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бори нахуст Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 сафари расмӣ анҷом додаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи 1992 барқарор шудаанд. Оғози фаъолияти Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 22 сентябри соли 2007 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба 23 марти соли 2008 рост меояд.

Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар заминаи вохӯрию мулоқотҳои сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев ба таври анъанавӣ дар руҳияи эҳтиром ва шарикӣ пайваста рушду тавсеа меёбанд.

Имрӯз дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуд

Табодули мол байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон соли сипаригардида беш аз 6 миллион долларро ташкил дод. Чунин гуфта шуд дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,

ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба он бо забонҳои хориҷӣ ҳамоиш баргузор гардид

Дар партави Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 22 то 24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти ҳамраисии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд баргузор гардид, дар Донишгоҳи байналмилалии

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод суҳбати телефонӣ анҷом доданд ва ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи кишти зироатҳои баҳорӣ шуниданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои мазкурро вазифадор намуданд,

Страницы