Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар ҶДММ «Кони ганҷ» ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кони ганҷ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар деҳоти Ҷомии ноҳия ҷойгир буда, дар масоҳати 2,9 га сохта шудааст. Ин коргоҳ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамат Норматов бо ворид кардани дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсису бунёд ёфтааст.

Корхонаи истеҳсолӣ дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат баҳри саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сохта шуда, шаҳодати татбиқи амалии рушди саноати ҷумҳурӣ дар ҳар шаҳру деҳоти мамлакат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд

Дар ҷараёни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида буд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “СМУ-1” мебошад.

Бинои Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомӣ якошёна буда, аз 3 толор, 9 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои табибони оилавӣ, муоинаи бемориҳои занона, доругузаронӣ, эмгузаронӣ, таҳлилгоҳу озмоишгоҳ, хатнаи кӯдакон, ташхиси ултрасадо, таваллуд ва баъди таваллуд иборат мебошад.

Баъди таъмиру навсозӣ имконият ва шароити ташхису табобат дар Маркази саломатии деҳаи Зарафшон бо ворид намудан ва муҷаҳҳаз гардонидани таҷҳизоти муосири тиббӣ, ашё, дигар ҷиҳози зарурӣ мувофиқ ба талаботи замон беҳтар ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод хати оби полезиро ба истифода дода, ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, хати оби полезиро ифтитоҳ бахшиданд ва аз боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ дар Кооперативи боғпарварии “Саховати Куруш” боздид намуданд.

Ҳамчунин дар Кооперативи тиҷоратии “Нур Темур” ба кишти пунбадона оғоз бахшида, аз намоиши тухмиҳои зироати кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Заррези Ҷамоати деҳоти ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳия хати оби полезиро ба истифода доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 2 хати оби полезӣ аз дарёи Сир то мавзеи заминҳои кишоварзӣ дар масофаи яке 980 метр, дуюмӣ 620 метр, дар маҷмуъ — 1600 метр бо васлу насби қубурҳои полиэтилении қутрашон 355-миллиметра аз ҷониби соҳибкор бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта, дар ҳар соат тавассути онҳо 1700 метри мукааб об бароварда мешавад.

Аз пойгоҳи хурди барқӣ бо ду дастгоҳи обкашии иқтидори яке 1100 метри мукааб ва дуюмӣ 600 метри мукааб дар ҳар соат аз канали обрасони Фарҳод оби полезӣ кашида, ба мавзеи кишоварзӣ оварда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок намуданд

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон ва иштирокчиёни ҷамъомади тантанавии наврӯзиро ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муқаддасу мубораки миллиамон — Наврӯз табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хушбахтӣ, иқболи баланд ва файзу баракати наврӯзӣ орзу карданд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз барои мардуми мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯзро чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон арзёбӣ карда, онҳоро пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда номиданд.

Страницы