ОБ-ОМИЛИ ПАЙВАНДГАР. Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим ба ҷаҳониён собит намуд, ки об дар муносибати байни давлатҳо нақши муассир мебозад
Нашр шуд. Чор, 29/03/2023 - 09:47
22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Америка Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид.
Тавре сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар ин маврид иброз доштааст, «сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар сафарҳояшон ба қароргоҳи бонуфузтарин созмони дунё- СММ бо он тафовут дошт, ки ба ду санаи муҳими башарӣ- Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об рост омад. Ин ду падида, ки сарчашмаи ҳаёти башар номиданашон бамаврид аст, ба ҳам робита ва пайванди ногусастанӣ доранд. Об дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал, муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи Замин буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз мавҷудияти он вобастагӣ дорад».
Дар зимн матни пурраи андешаҳои муаллиф пешкаши хонандагон мегардад.

Конфронси СММ оид ба захираҳои об, ки аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, имконияти бузургро барои суръат бахшидан ба пешрафт дар таъмини дастрасии умумӣ ба оби тоза ва хизматрасонии санитарӣ то соли 2030 фароҳам овард. Ба сифати ҳамраисони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр баромад намуданд.
Олиҷанобон,



