Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гач»-ро ба истифода доданд

7 ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гач»-ро ба истифода доданд. 

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт

7 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт.

Пойдории давлат аз ваҳдату ҳамдилӣ аст ( Назаре чанд оид ба суханронии Пешвои миллат ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Гузашти марҳилаҳои начандон дури се даҳсолаи давлатдории навини мо бо қабули санади муҳимму тақдирсоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки самараи возеҳи амну суботи кишвар ва давра ба давра рушду инкишофи он, аз интихобу назари дурбинонаи фарзанди маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Зеро дар шароити набуди поя ва заминаҳои асосии давлатдорӣ бунёди як кишвари ободу пойдор корест хеле мушкилу тасаввурнопазир.                    

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем. Бо зикри чунин нуктаҳои таърихиву мондагор Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо таваҷҷуҳ ба раванди носозгори даргириҳои замони муосир тамоми мардуми диёру сокинони минтақа ва ҷаҳонро ба ваҳдату ҳамдилӣ ва дӯстиву рафоқат давлат намуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.11.2024, ш. Душанбе

Страницы