РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Нақши Тоҷикистон дар баргузории Конфронси оби СММ-2023 — таассуроти роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ
Нашр шуд. Ҷум, 24/03/2023 - 17:40
Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти ҳамраисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз гардид, ки имрӯз, 24 март ҷамъбаст карда мешавад.
Дар доираи конфронси мазкур АМИТ «Ховар» аз чанде аз роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмилалӣ таассуроташонро пурсон шуд, ки дар зимн фишурдаи он пешниҳоди хонандагон карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд.
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуда, ба ҷаҳониён сарҷамъкунанда ва рамзи сулҳу ваҳдат будани онро бори дигар собит намуданд. Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 март дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои 



