Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» дар қароргоҳи СММ иштирок ва суханронӣ намуданд
Нашр шуд. Чор, 22/03/2023 - 12:57
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон», ки дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ Эрл Кортеней Раттрей ва сафирони кишварҳо — намояндагони расмии дигар давлатҳои аъзои СММ, инчунин дигар иштирокчиёни Конфронси оби СММ-2023 иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ, намояндагони воломақоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро барои ташрифашон ба намоишгоҳи Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид барои ҳамкорӣ дар баргузории ин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таърихи қабул гардидани Эъломия дар бораи Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ва талошҳои мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва рушди устувори иқтисодӣ андешаронӣ карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул намуд, ки солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад. Мақсади қатънома- рушди устувор ва идоракунии маҷмуи захираҳои об мебошад. Он инчунин ба пешбурди ҳамкорӣ ва шарикӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда, аз ҷумла Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 равона шудааст. Конфронси оби СММ соли 2023- дуюмин конфронси таърихӣ дар 50 соли охир мебошад. 




