Ахбор

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Теҳрон бахшида ба Конфронси оби СММ-2023 нишаст баргузор гардид

15 март дар Теҳрон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Муассисаи таҳқиқоти оби Эрон бо ҳузури намояндагони вазоратҳои умури хориҷа, неру, муассисаи мазкур, ниҳодҳои дигари марбут ба соҳаи об ва расонаҳои хабарии эронӣ бахшида ба татбиқи ҳадафҳои Конфронси оби СММ нишаст баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии худ дар бораи аҳамияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об, инчунин доир ба иқдоми нави Пешвои миллат дар мавриди қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки 14 декабри 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ бо иттифоқи оро қабул кард, маълумоти муфассал ироа намуд.

СУМАНАК ЧӢ РАМЗ ДОРАД? Шарҳи мардумшинос доир ба мазмуни фалсафии ин таоми наврӯзӣ

То фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Аллакай дар деҳаҳои алоҳидаи мамлакат бо оростани хони идона ва гузоштани табақи суманак, ки намоди баҳору Наврӯз, ҳамбастагӣ, мардонагӣ, хайру баракату эҳсон аст, ин иди миллӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил шуда истодааст.

Тавре профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мардумшинос Равшан Раҳмонӣ иброз медорад, суманак аз замонҳои бостон то имрӯз як навъ ғизои ҳаётбахш аст ва аз донаҳои гандуми  сабзида пухта мешавад. Дар гузаштаҳо барои пухтани суманак ҳамчун рамзи покизагӣ аз оби борон истифода менамуданд.

«Дар воқеъ, гандум муҳимтарин гиёҳест, ки хӯроки аслии инсон мебошад. Аз ин ҷиҳат ғизое, ки «суманак» аст, рамзу рози зиёд дорад», — мегӯяд Равшан Раҳмонӣ.

Суманак аз ҷумлаи рамзи назру ниёз ба пешвози баҳору Наврӯзу соли нав аст. Ҳангоми пухтани он занону модарон таманнои онро менамоянд, ки соли нав барояшон бо файзу баракат ояд. Дар чунин ҳолат суманак намоди фаровонӣ ва бурдбории зиндагии ояндаи инсон аст.

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе фестивал баргузор мегардад

21 март, соати 15:00 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бо мақсади муаррифии имконоти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон Фестивали «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хабар доданд.

Дар доираи фестивал баргузории намоиши имконияти сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва рақсу суруд дар назар аст.

13 март зимни баргузории ҷаласаи корӣ роҳбарияти Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани фестивали мазкур ба масъулин супоришҳои мушахас дод.

Ҳамчунин масъалаи дар сатҳи баланд  баргузор намудани ҳамоишҳои идона бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва таъмини иштироки фаъолонаи ҳайати  Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT»  дар Федератсияи Русия, ки аз 16 то 18 март доир мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиш баргузор шуд

mezhdunarodnyj-prazdnik-navruz-otmetil-v-shtab-kvartire-yunesko

14 март дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиши мазкур сафирони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони котибот ва сохторҳои мухталифи ЮНЕСКО, вазорату идораҳои Фаронса, дигар ташкилоти байналмилалии муқими ин давлат, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО мизи миллиро бо таомҳои тоҷикӣ ороста, бо мақсади муаррифии бештари мамлакат маводу аксҳои таблиғотиро оид ба Тоҷикистон ба маъраз гузошт.

Ба меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо таронаву рақсҳои миллӣ намоиш дода шуд.

Страницы