Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиш баргузор шуд
Нашр шуд. Чор, 15/03/2023 - 18:0014 март дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур сафирони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони котибот ва сохторҳои мухталифи ЮНЕСКО, вазорату идораҳои Фаронса, дигар ташкилоти байналмилалии муқими ин давлат, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО мизи миллиро бо таомҳои тоҷикӣ ороста, бо мақсади муаррифии бештари мамлакат маводу аксҳои таблиғотиро оид ба Тоҷикистон ба маъраз гузошт.
Ба меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо таронаву рақсҳои миллӣ намоиш дода шуд.



Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони «Истиқлол»-и пойтахт рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр гузошта шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе».
13 март ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.



