Тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар Вена муаррифӣ карда шуд

Ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки 13 март дар шаҳри Вена оғоз ёфт, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Дар иҷлосия дар баробари ҳайати Тоҷикистон вазирон ва роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СММ низ иштирок доранд.

Директори Агентӣ дар рӯзи аввали кори иҷлосия сухан гуфта, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба вазъи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақа, бахусус вазъи нигаронкунандаи қочоқи маводи нашъаовар тавассути сарҳади Афғонистону Тоҷикистон, чораҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат барои мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии  маводи нашъаовар, аз ҷумла пурзӯр намудани назорати сарҳад, сохта, ба истифода додани иншооти сарҳадӣ ҷалб намуд.

Инчунин давлатҳои маблағгузор ва созмонҳои байналмилалиро даъват намуд, ки дар таҳким бахшидани назорати сарҳад бо Афғонистон Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.

Ҳамчунин дар ҳошияи Иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуд.

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Остона нишасти хабарӣ ва намоишгоҳ оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид

13 март дар шаҳри Остона бо ташаббуси сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар Қазоқистон нишасти хабарӣ ва намоишгоҳ бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни cуханронӣ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об шинос кард.

Сафир таъкид намуд, ки чорабинии байналмилалӣ таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд аълоҳазрат Виллем-Александр баргузор мегардад, ки инъикосгари аҳамияти махсуси рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад.

Дар чорабинӣ доираи васеи намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарон ва кормандони созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Қазоқистон, ВАО ва коршиносони соҳаи об ширкат доштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.

Ҳамчунин дар ошёнаҳои болоӣ ду маҷлисгоҳи дигар барои 100 нафар, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ сохта шудааст.

Бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Сино дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии иншоот 30 садяк заминро ташкил намуда, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2021 оғоз гардида буд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд.

Навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат гирифта, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хушҳолӣ аз иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти бунёди роҳу пул ва гузаргоҳҳои замонавӣ коргарону мутахассисонро барои иҷрои саривақтию босифати корҳо вазифадор намуданд.

Дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил намуда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хати алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

Страницы