Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Нашр шуд. Сеш, 18/02/2025 - 10:0012 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисайнзода Назрулло ва ба вазифаи Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд Мирзозода Саидшоҳ Давлат таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, намояндагони низомии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва назди созмонҳои минтақавӣ ва сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони воҳидҳои низомӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъутомҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзида ва соҳибтахассуси низомӣ таъин карда шуданд.









