НАҚШИ ТАЪРИХ ДАР ТАЪМИНИ БАҚОИ УМРИ МИЛЛАТ
Нашр шуд. Душ, 13/03/2023 - 11:24
Имрӯзҳо масъалаи мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам гардидааст, зеро кишвари мо ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро паси сар намуда аз имтиҳони таърих гузашта, суботи ҷомеаро барқарор намуда, соҳибистиқлолии худро тақвият дода, ба давраи нави рушд ворид гардидааст. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоми муқаддасоти миллӣ, ки боиси ифтихор ва эҳсоси ватанпарастӣ аст, ба вуҷуд оварда шудаанд.
Истиқлолияти давлатӣ шароити мусоидро барои ташаккул, шинохт ва рушди андешаи миллӣ ба вуҷуд овард. Мафҳуми «истиқлолият-соҳибихтиёрӣ» меҳвари консепсияи ғояи миллӣ мебошад. Соҳибихтиёрӣ яке аз омилҳои муҳими тавлидкунандаи худшиносӣ ба шумор меравад ва барои ҳифзу татбиқу густариш додани ғояи миллӣ мусоидат мекунад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин баён доштаанд: «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».

Аз 1 март то 30 май иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва вазорату идораҳо ба роҳ монда мешавад, ки ин нишона аз тамаддунофариву фарҳанги бой доштани миллати тоҷик мебошад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма инъикосгари таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ буда, барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Зеро инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат ба воситаи онҳо имконпазир мебошад. Чунин иброз гардид имрӯз зимни ифтитоҳи ҳамоиши тантанавӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.




