Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB-Berlin 2023 муаррифӣ гардид
Нашр шуд. Пан, 09/03/2023 - 11:38
7 март дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии ITB Berlin 2023 ифтитоҳ гардид, ки то 9 март идома меёбад. Дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» дар масоҳати 20 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки имсол дар намоишгоҳи ITB Berlin беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ бартарияти рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии миллати тоҷик ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ муаррифӣ доранд. Дар баробари ин Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Точикистон дастовардҳои донишгоҳро дар риштаи сайёҳӣ тарғиб намуда истодааст.

7 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.
Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!




