Соли 2022 табодули мол байни Тоҷикистон ва Русия қариб 2 миллиард долларро ташкил дод
Нашр шуд. Пан, 02/03/2023 - 18:00
Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон Русия дар зинаи аввал қарор дошта, тайи соли сипаригардида табодули мол байни Тоҷикистон ва Русия 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки дар таърихи муносибатҳои иқтисодии ду давлат дастоварди бузург мебошад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавиии Тоҷикистон ва Русия доир ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни ду давлат оғоз гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории конфронс иттилоъ дод, ки дар он намояндагони беш аз 800 корхонаю ширкатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти минтақавӣ, доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия иштирок доранд.

Соли сипаригардида ба 220 000 оила аз табақаҳои осебпазири аҳолии Точикистон дар маҷмуъ 116 млн 178 ҳазору 464 сомонӣ кумак расонида шуд. Дар ин хусус сардори шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Соима Муҳаббатова зимни баргузории маҳфили «Тавозун» иттилоъ дод. Дар маҳфили иқтисодии
Имрӯз Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». 



