Ахбор

Дар Душанбе Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода рӯнамоӣ карда шуд

28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо ва Гурӯҳи вокуниши фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар ҳолатҳои фавқулода (Гурӯҳи РЕАКТ) баргузор шуд, ки дар он Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025 рӯнамоӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар кори ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки ҳамчун нозирони Платформаи миллӣ сабт шудаанд, иштирок намуданд.

Роҳбарияти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи соли 2022 ва аввали соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ рухдода, ҳамчунин фаъолияти наҷотдиҳандагон дар Ҷумҳурии Туркия маълумот дод. Ҳамчунин миқдори кумакҳои расонидаи Ҳукумати мамлакат ба аҳолии зарардида ва нақши ҳамоҳангсозии Кумита бо далелҳо ба таваҷҷуҳи иштироккунандагони ҷаласа расонида шуд.

Дар Братислава нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Словакия доир гардид

Имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Словакия дар нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия, ки дар шаҳри Братислава доир гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар анҷуман  намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду давлат, инчунин доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Словакия, ки дар соҳаҳои  энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, истихроҷи нафту газ ва фармасевтӣ  фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.

Муаррифии имконияти тиҷоратӣ ва сармоягузории ҳар ду давлат, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ дар байни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ аз ҳадафҳои асосии баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия арзёбӣ гардид.

АМИТ «Ховар»

«ШАҲРИ БЕХАТАР». Комиссияи ҳукуматӣ омилҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро баррасӣ кард

28 феврал дар толори Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа раиси комиссия — Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, муовини раиси комиссия — Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва масъулони дигар сохторҳои қудратӣ, идораву кумитаҳои давлатӣ, ки аъзои ин комиссия мебошанд, иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ тайи соли сипаригардида дар ҳамбастагӣ бо дигар корхонаву идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ҷиҳати иҷрои талаботи қонуни мазкур корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди сиёсати давлатиро оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳоро дар ин самт зери назорати доимӣ қарор додааст.

ЛИЖАРОНИИ КӮҲӢ. Варзишгари навраси тоҷик дар Бозиҳои дуюми зимистонаи Бачаҳои Осиё медали тилло ба даст овард

Варзишгари навраси тоҷик Алиҷон Сулаймонӣ дар Бозиҳои дуюми зимистонаи Бачаҳои Осиё дар шаҳри Кузбасси Русия дар лижаронии кӯҳӣ, слаломи калон сазовори медали тилло шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Бозиҳои 2-юми зимистонаи «Бачаҳои Осиё» 23 феврал дар шаҳри Кузбасси вилояти Кемеровои Федератсияи Русия оғоз гардида, 5 март ба анҷом мерасанд.

АМИТ «Ховар»

Страницы