Дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ 5 лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт
Нашр шуд. Пан, 02/03/2023 - 10:12
5 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки амалишавии лоиҳаҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самтҳои идоракунии партовҳои сахти маишӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза, нақлиёт ва тандурустӣ пешниҳод гардид.
Дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
Дар анҷом иштирокдорони ҷаласа вобаста ба амалишавии масъалаҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо ва Гурӯҳи вокуниши фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар ҳолатҳои фавқулода (Гурӯҳи РЕАКТ) баргузор шуд, ки дар он Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025 рӯнамоӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Словакия дар нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия, ки дар шаҳри Братислава доир гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
28 феврал дар толори Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.



