Ахбор

Дар Остона нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка баргузор гардид

28 феврал дар шаҳри Остона нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар қолаби «С5+1» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа таъкид карданд.

Дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

АМИТ «Ховар»

Баъд аз чанд соли таваққуф ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин парвози ҳавопаймо анҷом дода шуд

Баъди чанд соли таваққуф парвози нахустини ҳавопаймо ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ анҷом дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Бо дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 феврал ҳавопаймои L410NG дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ парвози санҷишӣ анҷом дод.

Дар расми қабули парвози нахустин ҳавопаймо роҳбарияти вилоят, шаҳри Хоруғ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳавопаймо истеҳсоли давлати Чехия буда, аз дигар ҳавопаймоҳо бо хусусияти хоси худ ба куллӣ фарқ мекунад. Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо ин ҳавопаймо минбаъд роҳи ҳавоии Хоруғ- Душанбе барқарор гардида, барои рафту омади сокинони вилоят ба шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

Ҳавопаймои L-410NG аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, хусусияти беҳтаршудаи парвозиву истифода дорад ва бо технологияи пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод.

Ёдовар мешавем, ки 27 феврал ширкати чехии «LET Aircraft Industries» дар ҳамбастагӣ бо Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои L410 NG-ро муаррифӣ намуд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи масъалаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳисоботи муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, миқдори сармоя ва маблағи қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи молиявии ташкилоти қарзиро фарогир мебошад.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра таҳия гардидааст.

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 13-уми Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идораи оби шаҳрӣ иштирок намуд

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Теҳрон 22-24 феврал дар иҷлосияи 13-уми Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идораи оби шаҳрӣ иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва истифодаи он дар шаҳрҳо таъкид гардид.

Дар ин замина ҳозирини иҷлосия барои иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд доир мешавад, даъват шуданд.

АМИТ «Ховар»

Страницы