ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Тоҷикистон Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт ба фаъолият оғоз мекунад
Нашр шуд. Чор, 01/02/2023 - 15:22Дар Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» ба фаъолият оғоз менамояд, ки дар асоси ҳуҷҷатгузории электронӣ амал мекунад ва дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ кор дар соҳаи нақлиёт осон мегардад. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба хабарнигорон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» 30 декабри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, асосан таҳияи барномаҳои электронии рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакатро фаро мегирад.