СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бо мақсади тарғиби ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд лавҳаи иттилоотӣ насб карда шуд
Нашр шуд. Душ, 27/02/2023 - 11:31
Бо мақсади ташвиқу тарғиби ташаббуси 5-уми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд лавҳаи бузурги иттилоотӣ насб гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз насби лавҳаи иттилоотӣ баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ташвиқи ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Тибқи он соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.
Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо барои аҳли башар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, бузургтарин дастоварди мамлакати мо дар арсаи байналмилалист.

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои нодири сояафкани ороишӣ ва ҳамешасабз ба маъракаи ниҳолшинонӣ, оғози корҳои мавсими баҳорӣ, вусъати тадбирҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
23 феврал Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо раванди музокирот оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта байни ҷонибҳоро оғоз карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.



