Барқияи табрикии Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Нашр шуд. Пан, 22/12/2022 - 09:28Имрӯз Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли мамнуният Шумо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати қабул гардидани қатънома дар Маҷмаи Умумии СММ рӯзи 14 декабри соли 2022 оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун ‘Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо’ ва сароғоз аз соли 2025 тасдиқ гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо табрик мегӯям.