Ахбор

Соли 2023 Тоҷикистон мизбони 4 Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ мешавад

Бо мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) Тоҷикистон соли равон мизбони чор мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ гардида, онҳоро тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ доир менамояд. Инҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Осиё» аз рӯи намуди гӯштингирӣ, Чемпионати Осиё, Ҷоми ҷаҳон ва Чемпионати ҷаҳон мебошанд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки давоми 5 соли оянда дар 60 давлати дунё намояндагии Федератсияи гӯштингириро боз кунад. Дар айни замон дар се давлати хориҷӣ, аз ҷумла, Федератсияи Русия, Ҳиндустон ва Эрон чунин намояндагӣ таъсис дода шудааст.

«Соли 2022 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғиб ва ривоҷу равнақи гӯштини миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 ҳазор мусобиқаи гӯштин аз рӯи усули деҳа ба деҳа баргузор намуд. Тибқи нақша, соли равон ин шумора ба беш аз 5 ҳазор расонида мешавад»,-иброз дошт Раиси Кумита.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Дар Ню-Йорк вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об баргузор карда шуд

9 феврал дар Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии давлатҳои аъзои Гурӯҳи дӯстони об ҷиҳати баррасии раванди тадорукоти Конфронси дарпешистодаи оби СММ баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи ҳамоиши мазкур муколама байни муовини Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад, намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Ёка Брандт ҳамчун ҳамраисони Конфронс ва кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об роҷеъ ба аҳаммияти гирифтани уҳдадориҳои ихтиёрӣ дар чаҳорчӯби Рӯзномаи амали об ва омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи баланд доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзила дар Туркия кумаки башардӯстона фиристода шуд

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Туркия кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумаки башардӯстона аз маҳсулоти зарурии  хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.

Дар баробари ин ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи музофоти гуногуни Ҷумҳурии Туркия либосу пойафзоли зимистона, хайма,  кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ҷиҳози хӯрокхӯрӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда мешавад.

Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздик ба 100 тонна мебошад.

БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ омили муқтадирӣ ва пойдории давлат аст

Таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим касб намудааст. Манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити феълӣ манофеи бақодории давлат, аз ҷумла ҳимояи истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии мамлакат, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ ва ҳимояи давлат аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд. Чунин изҳори андеша намуд муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил БАРОТОВ дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар арафаи таҷлили солгарди 30-юми Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба андешаи мавсуф, дар шароити зоҳиршавии таҳдидҳои нави замони муосир артиши миллӣ воситаи муҳимтарини ҳимояи ватану сарзамин аз хатарҳои берунӣ ба ҳисоб рафта, дар низоми таъмини амнияти ҳарбии мамлакат мақому манзалати хосса дорад.

Страницы