Ахбор

САҲИФАИ НАВИ РУШДИ ҶУДО ДАР ТОҶИКИСТОН. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва ташкилоти «J-Sport»-и Ҷопон созишнома имзо карданд

9 феврал дар Душанбе маросими баимзорасони Созишнома байни Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва ташкилоти «J-Sport»-и Ҷопон баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Созишномаро раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва роҳбари ташкилоти «J-Sport», профессори ҷопонӣ Озикей Такахисо имзо карданд.

Тавре тазаккур дода шуд, ин созишнома дар рушди варзиши ҷудо дар Тоҷикистон саҳифаи нав боз мекунад ва барои татбиқи ғояҳо ва барномаҳои нав заминаи мусоид мегузорад.

Пас аз имзои созишнома бо иштироки роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, «J-Sport» ва мураббии ҷопонӣ оид ба ҷудо Тамура Тори нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

«Ин созишномаи дарозмуддат то соли 2028 давом ёфта, дар давраҳои олимпӣ — Париж-2024 ва Лос-Анҷелес-2028 амалӣ хоҳад шуд», — таъкид кард роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Дар доираи созишномаи мазкур бо ҷалби мутахассисони ҷопонӣ Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба нақша гирифтааст, ки мураббиёни соҳибтахассус ва доварони миллӣ тайёр карда, инчунин дар саросари ҷумҳурӣ интихоби ҳадафмандонаро байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон роҳандозӣ намояд.

“ТОҶИКОН” - И АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ – ШИНОСНОМАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ ВА НОДИРТАРИН САРЧАШМАИ МАЪНАВИЮ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҲДИДҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР

Шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, муҳимтарин сарчашмаи таърихӣ ва нодиртарин сарчашмаи маънавию ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити таҳдидҳои замони муосир мебошад, ки дар он таърихи пайдоиш ва ташаккулёбии халқи тоҷик аз давраи қадимтарин - аввалин ҷомеаи инсонӣ дар Осиёи Марказӣ то ибтидои асри ХХ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Яке аз хусусиятҳои хоси асари мазкур, пеш аз ҳама дар номгузории ин китоб таҷассум мегардад. Бо номи миллат номгузорӣ гардидани асари мазкур, далели ҷасорати муаллиф буда, аз ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ӯ дарак медиҳад.
Рисолати таърихие, ки аллома Б.Ғафуров, дар таълифи асари мазкур иҷро намуд, пеш аз ҳама он аст, ки дар чунин давраи ҳассос, хонандаи тоҷик тавассути ин асар ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард.
Донишманди шаҳир дар паи таълифу таснифи китоби “Тоҷикон”, зиёда аз 30-соли умри хешро сарф намудааст. Дар асари мазкур, дар баробари ҷанбаҳои мухталифи халқи тоҷик дар Хуросону Вароруд ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои дӯстӣ, умумиятҳои фарҳангӣ ва дигар паҳлуҳои зиндагии халқҳои эронӣ ва дигар мардумони Осиёи Марказӣ мавриди пажуҳиш қарор гирифтаанд.

БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳувияти миллию ватандӯстӣ баландтарин арзиш барои миллати тоҷик аст

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чун ҳамеша, фарогири рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад. Таъкидҳо ва роҳнамоиҳои Президенти мамлакат, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданашон ба тарбияи ватандӯстонаи мардуми тоҷик моро муваззаф месозад, ки дар ин радиф иқдом ва ташаббусҳои тозаро пеш гирем. Хусусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 метавонад дар ин ҷода роҳнамои мо бошад. Чунин изҳори андеша намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО дар мавриди мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод мешаванд.

Тоҷикистон ва Нидерланд дар Женева мубоҳисаи панелӣ оид ба об, иқтисод ва тиҷорат баргузор намуданд

6 феврал дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар шаҳри Женева бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия мубоҳисаи «Об, иқтисод ва тиҷорат: таҳқиқи уҳдадориҳо барои Конфронси оби СММ-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш барои муҳокимаи ҷанбаҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии об, инчунин муаррифии натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи ҷаҳонӣ оид ба иқтисодиёти об замина фароҳам овард.

Ҷониби Тоҷикистон аҳаммияти масъалаи обро дар соҳаи амнияту иқтисодиёт таъкид карда, намояндагони кишварҳои аъзоро ба густариши талошҳо дар ҳалли мушкилоти об даъват намуд.

Ҳамзамон муҳим будани Даҳсолаи амал ва суръат бахшидан ба амалиёти ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иброз гардид.

АМИТ «Ховар»

Страницы