Имрӯз бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон кумаки навбатии башардӯстона фиристонида шуд

1 декабр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обҳезиҳои шадид моҳҳои охир ҳисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ҳовар».

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор шуд

30 ноябр дар маркази матбуотии Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ дар Женева хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Словения ва созмони «Geneva Water Hub» ташкил карда шуда, меҳвари он ба баррасии масъалаҳои обу сулҳ ва робитаи онҳо бо Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» равона шуда буд.

БЛОГ ЧИСТ ВА БЛОГЕР КИСТ? Назари коршиносон оид ба танзими муносибатҳо дар фаъолияти корбарони интернетӣ

Ба наздикӣ дар пойтахт як сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, духтари 18-сола, блогер, барои аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ (Instagram, TikTok ва гурӯҳи Imo) паҳн намудани маводҳои зидди ахлоқ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Имрӯзҳо дар бораи блогерҳо гуфтумонҳо зиёд шудаанд. Блогерҳо мехоҳанд ҳуқуқҳои журналистонро дошта бошанд, вале уҳдадориҳои журналистонро бар дӯш гирифтан намехоҳанд. Аммо аз рӯи қонун, блогерҳо ҳам, чун ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд барои ҳар сухани худ масъулияту ҷавобгарӣ дошта бошанд.

Номинаҳои Тоҷикистон дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баррасӣ мегарданд

Имрӯз, 28 ноябр иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш ба кор оғоз намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистонро котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО Зулфия Бурхон раҳбарӣ мекунад.

Зимни иҷлосия номинаҳои муштараки Тоҷикистон, ба вижа «Кирмакпарварй ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ», «Ҷашни Меҳргон», «Ҳунари кашидадӯзӣ дар Осиёи Марказӣ», «Санъати сохт ва рубобнавозӣ» ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Страницы