МУРОҶИАТНОМАИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН
Нашр шуд. Сеш, 31/01/2023 - 18:34
Ба АМИТ «Ховар» Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон расид, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
Ҳамватанони азиз!
Дар мамлакати мо ҳаҷми асосии неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли он ба резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад. Дар навбати худ, резиши оби дарёҳо ва вобаста ба ҳамин пур шудани обанборҳо ба тағйирёбии иқлим, шароити обу ҳаво ва омилҳои дигари табиӣ алоқамандӣ дошта, имконияти амалии пешгӯӣ кардани реҷаи оби дарёҳо хеле душвор мебошад.

Дар айни замон 50 вазорату идораҳои давлатӣ ба шабакаи ҳукумати электронӣ пайваст гардида, барқарорсозии шабакаи мазкур дар байни дигар сохторҳои давлатӣ идома дорад. Барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ чораҳои дахлдор андешида мешавад. Дар ин хусус дирўз, 30 январ зимни нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 иттилоъ дода шуд.
Соли 2022 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинатсионии муштараки Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа «Санъати зарҳалкорӣ» ҷиҳати ворид шудан ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддӣ гирдоварӣ, таҳия ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба хабарнигорон мужда дод.



