Ахбор

Нишасти матбуотӣ: «Дар Тоҷикистон то танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ содироти баъзе намудҳои он қатъиян манъ карда шудааст»

Дар Тоҷикистон то ба танзим даровардани нархи маҳсулоти кишоварзӣ содироти баъзе намудҳои он, аз ҷумла картошка, пиёз,  инчунин тухм  манъ карда шудааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии мамлакат  Қурбон Ҳакимзода баён дошт.

Тибқи иттилои Вазири кишоварзӣ, барои замина гузоштан ба ҳосили соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 1706 гектар, сабзавоти барвақтӣ дар майдони 13378 гектар, аз он пиёз 9828 гектар, карам 816 гектар, сабзӣ 1812 гектар, сирпиёз 60 гектар ва дигар сабзавот дар майдони 866 гектар гузаронида шудааст. Кишти картошкаи барвақтӣ ба 89,2 фоиз ва сабзавоти барвақтӣ ба 109,2 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.

Хадамоти алоқа: «Дар Тоҷикистон барои баланд кардани суръати интернет пойгоҳҳои заминавӣ насб карда мешаванд»

Хадамоти алоқаи мамлакат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар Паёми солона  ба Маҷлиси Олӣ  ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ  ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дода буданд, шумораи маҷмӯи истгоҳҳои барқии базавӣ, яъне пойгоҳҳои базавиро дар ҷумҳурӣ зиёд менамояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ибрози назар намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи Илҳомҷон Атоев, тибқи нақшаи тасдиқгардида  айни замон пойгоҳҳои зикршуда  ба мамлакат ворид карда шуда истодаанд. Инчунин марҳилаи якуми  насби онҳо, ки корҳои санҷишӣ- техникӣ, аниқ намудани ҷойи иловагии  насби онҳоро дар бар мегирад, дар шаҳри Душанбе муайян карда мешавад.

Номбурда дар мавриди  паст намудани нархи интернет ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар ин самт  корҳои иқтисодӣ ва технологӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ба роҳ монда шуда, рӯзҳои наздик амалӣ карда мешаванд. Албатта, баъд аз корбарӣ  нархи интернет паст мегардад.

Дар Алҷазоир ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи парлумонҳои давлатҳои Осиё иштирок кард

29 январ дар доираи сафари кории ҳайати  парлумони  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи парлумонҳои давлатҳои Осиё иштирок намуд.  

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни ҷаласа Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари парлумонҳои Қазоқистон, Бангладеш ва Туркия аъзои комиссияи иқтисодии Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ интихоб гардид.

29 январ ҳамчунин ҷаласаи кумитаи умумии Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он низ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода дар Алҷазоир бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд

29 январ дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва иштирок дар кори конфронси 17-уми байналмилалии Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки  байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ амал менамоянд. Сафари аъзои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ҳарду давлат ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷабҳаи парлумонҳо, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин дидору мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳо анҷом гирифт.

«Ҳоло мо бо парлумонҳои зиёди давлатҳои дунё равобити хуби корӣ ба роҳ мондаем, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода. — Аз таҷрибаи якдигар самаранок ва бештар истифода мебарем».

Дар фарҷоми мулоқот ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

Страницы