Маҳмадтоир Зокирзода дар Алҷазоир бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд
Нашр шуд. Душ, 30/01/2023 - 12:40
29 январ дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва иштирок дар кори конфронси 17-уми байналмилалии Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Рўзноманигори тоҷик Фарзона Муҳаммадиева аз шаҳри Екатеренбург ҷойи аввал, магистранти тоҷик Наргис Ёрова аз шаҳри Тюмен мақоми дуюм ва мухбири дигари тоҷик Камолиддин Каримов аз шаҳри Уляновск мақоми сеюмро дар озмуне, ки соли 2022 барои беҳтарин мақола бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия эълон гардида буд, сазовор гаштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шўрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ- Сада бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷашнгоҳ.



