Ахбор

Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехоҳам Шуморо ба муносибати бо муваффақият қабул шудани Қатъномаи А/77/443, таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 153 кишвари ҷаҳон пешбарӣ шудааст, табрик намоям.

Ин тасдиқи муҳими эътимоди кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ба кишвари Шумо ҳамчун пешбарандаи мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва ҳомии нишон додани равобит миёни оби тоза, кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои баҳампайвасти Рӯзномаи рушди устувор 2030 мебошад.

Барқияи табрикии Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шумо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати қабул гардидани қатънома дар Маҷмаи Умумии СММ рӯзи 14 декабри соли 2022 оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун ‘Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо’ ва сароғоз аз соли 2025 тасдиқ гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо табрик мегӯям.

ЮНЕСКО аз нақши фаъоли Тоҷикистон дар пешбарии ин қатънома истиқбол менамояд. Мо итминони комил дорем, ки қатъномаи мазкур ҷиҳати баррасии аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи даври гидрологӣ ва таъкиди бештари мушкилиҳои ногузир дар соҳаи муҳити зист, тандурустии инсонҳо ва амнияти захираҳои об, ки аз обшавии босуръат ва коҳиши пиряхҳо зуҳур мекунанд, мусоидат хоҳад кард. Ин заруратест, ки нахуст зимни Даҳсолаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО, солҳои 1965-1974 муайян шуда буд.

Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (СҶҲ) муҳтарам Петтери Таалас ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехоҳам Шуморо ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ доир ба эълон намудани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо самимона шодбош гӯям.

Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ омода аст ин ташаббуси муҳимро бо ниҳодҳои илмӣ ва коршиносони худ дастгирӣ намояд. Мо пешвоии қавии Тоҷикистонро дар рӯзномаи ҷаҳонии об ва криосфера эътироф менамоем. Чанде пеш имкони хубе доштам, то аз кишвари Шумо боздид намоям ва таъсири тағирёбии иқлимро ба пиряхҳои Шумо бубинам.

Страницы