Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур ҶДММ «Қолинҳои Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд
Нашр шуд. Сеш, 20/12/2022 - 13:53
20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи азими қолинбофӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев бунёд гардидааст. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нави истеҳсолӣ 500 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, теъдоди зиёди кормандонро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи нави саноатӣ дар як шабонарӯз 4 ҳазору 500 метри мураббаъ қолин бо шаклу андозаҳои гуногун, нақшу нигор ва тарҳи милливу аврупоӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона 1 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ қолинро дар бар мегирад.

Баъди қариб 50 сол дар шаҳри Ню—Йорк бори нахуст Конфронси оби СММ — 2023 баргузор мегардад, ки интизории ҷомеаи ҷаҳон аз он хеле зиёд аст. Мақсади асосии Конфронси оби СММ – 2023- мусоидат барои расидан ба ҳадафҳоест, ки барои масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд барои баргузории конфронс ҳамкории хеле хуб ба роҳ мондаанд, ки метавонад барои ҷаҳониён намуна бошад.
Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуид, ки дар он хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева соҳиби «Шоҳҷоиза» ва маблағи 70 ҳазор сомонӣ гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан иттилоъ додем, 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Ин хабари хуш мояи сарфарозӣ ва ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон гардид. Аз ҷумла, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА дар ин бора чунин изҳори назар кард:



