18 июл вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Баррасии ҳамкориҳо бо ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи араб

27 июни соли 2022 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин бо директори иҷроияи ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷон Намур мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти таъмини пахши моҳворавии барномаҳои телевизионҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нуриддин Саид аз ҳолати кунунии ҳамкориҳои ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кумитаро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд изҳор дошт.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

ТВТ. 27.06.2022.

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.

Барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки имрӯзҳо 25-солагии он дар кишвари маҳбубамон таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо – мардуми азизи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик мегӯям.

ДАР РОҲИ СУЛҲУ ВАҲДАТ Ба ифтихори 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, истиқлолиятро  бе ваҳдат  ва  ваҳдати миллиро  бе истиқлолияти  комил тасаввур кардан  ғайриимкон  аст.
Метавон гуфт, ки  имрўз дар кишвари  соҳибистиқлоли мо  ваҳдати миллӣ ҳамчун  ғояи  умумимиллӣ   дар радифи  мафҳумҳои озодиву  истиқлолият   ва  сулҳу  субот пазируфта  шуда, дар тафаккури  мардуми  Тоҷикистон  чун  омили мувозинати пайвастаи сиёсати

Страницы