Изҳороти муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон
Нашр шуд. Пан, 15/12/2022 - 10:11
1. Бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, муҳтарам Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-15 декабри соли 2022 бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор дошт.
2. Зимни музокирот, Сарони ду давлат роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
3. Ҷонибҳо бори дигар азми худро ҷиҳати таъмиқи муносибатҳои бародаронаи ду кишвар, ки бар мабнои муштаракоти таърихию фарҳангӣ, ҳамбастагии ҷуғрофӣ ва эътиқод асос ёфтаанд, тасдиқ карданд.
4. Сарони давлатҳо аз густариши бемайлони муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки рушди онҳоро ба самти ҳамкории стратегӣ, ки ба нафъи ду кишвар аст, идома диҳанд. Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки Созишномаи шарикии стратегӣ, ки ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро таҳким хоҳад бахшид, дар фурсати наздик ниҳоӣ гардида, зимни сафари Сарвазири Покистон ба шаҳри Душанбе соли оянда ба имзо расонида шавад.

Муҳтарам Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон,
14 декабр ҳамчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи расмӣ идома ёфт.



