Ахбор

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон оғоз гардид

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод горди фахрӣ саф ороста, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ, ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.

Барои пазироии меҳмони олимақом шаҳри Исломобод бо аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта буд.

АМИТ «Ховар»

Дар Женева ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба об ва тағйирёбии иқлим муаррифӣ шуданд

Дар «Саммити ҳамкории самаранок барои рушд 2022» дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария аз ҷониби роҳбарияти ҳайати Тоҷикистон дар бораи ташаббусҳои байналмилалии кишвар, аз ҷумла Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор 2018-2028”, эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Устувор, муаррифии Стратегияи «иқтисоди сабз» барои давраи то соли 2037, инчунин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва буҳронҳои ҷаҳонӣ маълумот ироа гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Саммити мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид ташкил гардидааст, аз 12 то 14 декабр идома меёбад.

Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Абдураҳмон Абдураҳмонзода ширкат дорад.

ФОРУМИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. Киностудияҳо ва филармонияҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд

10 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши «Тоҷикистон-Россия: муколамаи байнифарҳангӣ ва фазои умумии башардӯстона» баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи форум намояндагони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Россия, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Россотрудничество», муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

«Ҳамкории фарҳангӣ бо Россия анъанавӣ ва ғанӣ буда, мо ба рушд ва таъмиқи ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем», — гуфт муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён.

Озмун барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар Кумита

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, 1 муовини сардор, 1 сармутахассиси  раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 2 мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ, 1 сармутахассиси бахши муносибатҳои байналмилалӣ, 1 мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ ва 1 мутахассиси пешбари бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ОЗМУН  эълон менамояд.

Талабот ба довталабон:

Таҳсилоти олӣ:  рӯзноманигор, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.

Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 7 сол ва хизмати давлатӣ на кам  

аз  2 то 6 сол.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1  пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

Страницы