Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 2 муассисаи таҳсилоти томактабиро ба истифода доданд

26 октябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои зебои Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 9-и назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 дар шаҳраки Сомониён мавриди истифода карор дода шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли 2023 оғоз гардида, сокинони маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифати ватанӣ дар муддати як сол онро бо сифати баланд бунёд намуданд.

Бинои Муассисаи томактабии №9 бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуда, аз 4 ҳуҷраи корӣ, толори бозии кӯдакона ва ошхона иборат буда, барои 160 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Ин иншооти таълими томактабӣ дорои майдончаи бозии кӯдакона ва суҳбаткадаҳо мебошад, ки ҷолибу назаррабо сохта шудаанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи мазкур 6 мураббия ва 6 корманди техникӣ дар маҷмуъ 12 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо масъулин ва мураббиён онҳоро ба ватандӯсту худшинос тарбия намудани насли наврас ва истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, дар ин муассисаи навбунёд ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар ин муассисаи томактабӣ низ шароити мусоид барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон мавҷуд аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои нави иловагии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди истифода қарор доданд

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Мадади деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 2 бинои нави иловагии таълимиро ифтитоҳ намуданд.

Биноҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда аз 2-ошёна иборат мебошад ва барои 650 нафар хонанда дар ду баст, пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур аз 13 ҳуҷра барои таълиму тарбия, 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон ва толор барои машғулиятҳо иборат буда, тамоми синфхонаҳо бо аёниятҳои донишандӯзӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави иловагии таълимӣ шумораи умумии кормандон дар муассисаи мазкур ба 85 нафар расонида шуд.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар бинои навтаъсиси таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар сатҳи деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд.

Ҳама синфхонаҳои муассиса дар фасли сармо тариқи низоми гармидиҳии мустақил гарм нигоҳ дошта мешавад.

Дар шафати бинои иловагии навтаъсиси таълимӣ майдончаи тобистонаи варзишӣ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Майдончаи варзишии мазкур барои бозии футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шуда, заминаи хубест барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуданд

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пурра таъмиру навсозӣ шудааст, боздид карданд.

Варзишгоҳи марказӣ бо 8 ҳазор ҷойи нишаст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҳисоби Фонди рушди ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 4,3 миллион сомонӣ навсозӣ карда шуд. Масоҳати иншоот 1,7 гектарро ташкил дода, корҳои барқарорсозӣ ибтидои соли равон оғоз гардида буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз варзишгоҳ ва суҳбат бо масъулону варзишгарони ноҳия дастур доданд, ки миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон тарзи ҳаёти солим бештар тарғиб ва тарбияи варзишгарони касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Дар ин варзишгоҳ, ки солҳои 80-уми асри гузашта бунёд шуда буд, баъд аз навсозӣ барои ду дастаи варзишӣ, мураббиҳо ва доварон 10 ҳуҷраи корӣ сохта шудааст. Навсозии майдони калон ва майдончаи футбол, насби 4 манораи равшанидиҳанда, гузоштани 8 ҳазор нишастгоҳи замонавӣ, сохтмони минбар, насби монитор барои пахши ҷараёни мусобиқаҳо дар майдони асосӣ, бунёди чаман барои баргузор кардани бозиҳои футбол ва дигар мусобиқаҳо, иваз кардани болопӯши бино, панҷарабандиву бунёди 3 даромадгоҳ ва мумфаршкунии атрофи иншоот аз зумраи корҳое буд, ки дар доираи навсозии Варзишгоҳи марказӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз имкониятҳои дигари нав дар варзишгоҳ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи қаннодии «Шоҳасар»-ро ифтитоҳ намуданд

26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи қаннодии «Шоҳасар»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи қаннодии «Шоҳасар» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муҳаммад Насриддинов дар масоҳати 2,42 гектар сохта шудааст.

Баъди ба истифода додани корхона, ки дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саноатикунонии босуръати кишвар бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 85 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Вобаста ба самарабахшии фаъолият, ҳаҷми истеҳсолот зиёд ва шумораи ҷойҳои корӣ тибқи нақша то соли 2026 то ба 150 нафар расонида мешавад.

Дар 7 хатти истеҳсолии корхонаи «Шоҳасар» 7 намуд маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол карда мешавад, ки ҳар яки онҳо бо шаклу намуд аз ҳамдигар фарқ дошта, дорои дизайни зебо ва диққатҷалбкунанда мебошад. Бояд таъкид дошт, ки ҳамаи маҳсулоти корхона воридотивазкунанда аст.

Корхонаи «Шоҳасар» дар маҷмӯъ аз 5 бино – 2 сехи истеҳсолӣ, анбори ашёи хом, захираи маҳсулот ва маъмурият иборат мебошад.

Корхона ҳамчунин дорои озмоишгоҳ бо таҷҳизоти пешрафтаи ҷаҳон ва ошхона бо сад ҷойи нишаст мебошад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки 60 фоизи коргаронро занон ташкил дода, иқтидори истеҳсолии ҷамъияти мазкур дар як сол то 800 тонна маҳсулоти қаннодиро дар бар мегирад.

Страницы