Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои нави иловагии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди истифода қарор доданд
Нашр шуд. Пан, 31/10/2024 - 08:1126 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Мадади деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 2 бинои нави иловагии таълимиро ифтитоҳ намуданд.
Биноҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда аз 2-ошёна иборат мебошад ва барои 650 нафар хонанда дар ду баст, пешбинӣ шудааст.
Иншооти мазкур аз 13 ҳуҷра барои таълиму тарбия, 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон ва толор барои машғулиятҳо иборат буда, тамоми синфхонаҳо бо аёниятҳои донишандӯзӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави иловагии таълимӣ шумораи умумии кормандон дар муассисаи мазкур ба 85 нафар расонида шуд.









