Ахбор

Самарканд никогда не был колыбелью тюркской цивилизации!

Освещая ход посещения комплекса «Вечный город» в международном туристическом центре «Великий шелковый путь» города Самарканда со стороны лидеров тюркских государств, корреспонденты некоторых информационных агентств особо акцентировали внимание на «роль Самарканда как одной из древних колыбелей тюркской цивилизации». Все это наводит на мысль: насколько это безалаберное утверждение журналистов соответствует действительности, и на какие факты при этом они опираются? Для поиска ответа на данный вопрос вкратце обратимся к фактам истории и к вполне научно обоснованным утверждениям известных исследователей истории.

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 30-солагии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз ба муносибати 30-солагии рўзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Баъд аз садо додани суруди миллӣ дар оғози маҷлис раиси Кумита Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи қабул, моҳият,  муқаррароти ин рамзи давлатӣ ва тадбирҳое, ки дар мамлакат ҷиҳати бузургдошти он амалӣ карда мешаванд, сухан кард.

Таъкид  шуд, ки Парчами давлатии Тољикистон   24-уми ноябри соли 1992 дар Иљлосияи  16-уми  Шурои Олии Љумњурии Тољикистон   ќабул карда шудааст, ки дар тањия ва ќабули он  Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон наќши асосї доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 декабри соли 1999 бо ќарори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст.

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30 - юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб”

16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии бошукуҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ - Қасри Арбоби ба номи Саидхуҷа Урунхоҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми кишварро бо солгарди иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мардум мебошад, табрику таҳният гуфтанд.

Ба истифода додани бинои чорошёнаи иловагии раёсати ВКД дар вилояти Суғд

15 ноябр дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.

Дар бинои нав тамоми инфрасохтори зарурӣ барои кормандони мақомоти милитсия фароҳам оварда шудааст.

Страницы