Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар шаҳри Хуҷанд
Нашр шуд. Сеш, 15/11/2022 - 15:41
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бинои “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бинои муассиса дорои 20 синфхонаи таълимӣ ва 8 кабинети алоҳидаи фаннӣ буда, муҷаҳҳазсозии он дар доираи талаботи муосири соҳавӣ анҷом дода шудааст.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 барои наздики 1300 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд.
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.



