Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии «Шоҳ»-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд
Нашр шуд. Душ, 14/11/2022 - 12:51
13 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии «Шоҳ»-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд.
Бинои хизматрасонӣ хуштарҳу замонавӣ буда

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, нахуст корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анко-Инвест»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то моҳи августи соли 2022 400 маротиба ба хориҷи кишвар сафар намудаанд. Сарвари давлат, аз ҷумла 68 маротиба ба Россия, 18 маротиба ба Чин, 17 маротиба ба Амрико, 11 маротиба ба Эрон ва ба кишварҳои гуногуни сайёра баҳри рушди ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба сафарҳои дигар анҷом додаанд. Харитаи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш бароварда шудааст, далели ин гуфтаҳост. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.




