Ифтитоҳи бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Нашр шуд. Сеш, 15/11/2022 - 15:26
15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд.
Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ аз ду ошёна иборат буда, масоҳати он 3411 метри мураббаъро ташкил медиҳад.


13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
13 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии «Шоҳ»-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд.



