Кумаки навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои аз низоъҳои сарҳадӣ зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Нашр шуд. Душ, 26/09/2022 - 13:53
Тавре ба ҳамватанонамон маълум аст, дар натиҷаи низоъҳои сарҳадии чанд рӯз пеш рухдода шумораи зиёди сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хисороти ҷонию молӣ диданд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматиашон хароб гардиданд.
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд, ки дар асоси он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумаки навбатии моддӣ ҷудо карда шуд.

ТВТ.26.09.2022. 25-уми сентябр Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи қатъи муноқишаи марзиро ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
19 сентябри соли 2022 дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.



