Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули овозхонон ва мутрибон ба ҳайати ансамбли эстрадии «Ориё» озмун эълон менамояд.
Нашр шуд. Сеш, 30/08/2022 - 09:30
ШАРТҲОИ ОЗМУН
1. Иҷроиши 2 суруд дар мавзўи озод бо риояи тамоми талаботҳои жанри эстрада;
2. Сурудҳо бояд малакаи овозхонӣ, диапазон, шунавоии мусиқӣ ва маҳорати саҳнавиро фаро гиранд;
3. Иҷроиш дар сози мусиқии эстрадӣ ва аврупоӣ (флейта, труба, тромбон, саксофон, кларнет, фагот, фортепиано, гитара, аккордеон, баян, скрипка, виолончел, созҳои зарбӣ, синтезатор ва ғ.) аз эҷодиёти композиторони тоҷик, мусиқӣ ва жанрҳои эстрадӣ

Имрӯз дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самандар Искандарзода ба вазифаи директори шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» таъйин гардид.
Имрӯз оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали 2022 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Писаре, ки имрӯз соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошат шуд, сокини 10-миллионаи Тоҷикистон гардид. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон мавқеи худро аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм устувор кард, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».



