Ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”
Нашр шуд. Шан, 02/04/2022 - 13:52
Дар Тоҷикстон боз як шабакаи телевизионӣ- Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба фаъолият оғоз намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 таъсис ёфта, дар доираи дастгириҳои рузафзун ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи телевизион ва радио бо бинои маъмурӣ ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин карда шудааст.
Дар расми ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радиои малмлакат иштирок намуданд.


15 марти соли 2022 кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ намоиши мероси нодири ниёгони миллати тоҷик - «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро тамошо намуданд



