ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Раванди овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар мамлакат ба охир расид
Нашр шуд. Якш, 11/10/2020 - 23:59Раванди овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар мамлакат хотима ёфт. Натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, 12 октябри соли 2020 эълон карда мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии ТоҷикистонБахтиёр Худоёрзода иттилоъ дод.