Ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин дар соҳаи телевизион ва радио густариш меёбанд
Нашр шуд. Ҷум, 07/08/2020 - 17:13Имрўз, 07.08.2020 вохўрии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баргузор шуд.
Дар ҷараёни вохўрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан фарҳангӣ ва телевизион ва радио мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Кумитаи телевизион ва радио оид ба имконоти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар соҳаи телевизион ва радио маълумот дода, тавсеаи равобити дуҷониба дар ин самтро барои муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги ду давлат муҳим арзёбӣ намуд.