Имрӯз — Рӯзи байналмилалии радио ва телевизион барои кӯдакон

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони бачагона (International Children’s Day of Broadcasting) таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 1991 бо ибтикори ЮНИСЕФ –Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷлил мегардад.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун ва рӯйхати адабиёти тавсияшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2020 баргузор карда шавад.

Нуриддин Саид: «Кормандони соҳаи телевизион ва радио дар хориҷи мамлакат такмили ихтисос хоҳанд кард»

«Кормандони шабакаҳои телевизиони давлативу хусусӣ ва радиоҳои мамлакат минбаъд ба курсҳои омӯзишии семоҳа ва шашмоҳаи такмили ихтисос ба хориҷи мамлакат фиристода мешаванд», — иттилоъ дод Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз, 5 феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод. Ба иттилои Н.Саид, Кумитаи телевизион ...

Страницы