Ҷамбасти фестивали " Ҳунар беҳтар аз зар бувад"
Нашр шуд. Душ, 26/04/2021 - 16:09
26 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори иҷлос ҳамчунин, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Волкан Бозкир, Раиси Шӯрои иқтисодӣ-иҷтимоии СММ Мунир Акрам, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Алишахбону, президентҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Индонезия, Кирибати, Қирғизистон, Ҷазираҳои Маршал, Муғулистон, сарвазирҳои Таиланд, Тувалу, Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Фиҷи, Покистон, Шри-Ланка, Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Озмуни суруду оҳангҳои беҳтарин таҳти унвони «Навои Истиқлол» бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули нерую маҳорати эҷодӣ, мусоидат ба эҷоди асарҳои баландмазмуни мусиқӣ, суруду оҳангҳои нави мазмуни баланди ватандўстию ватанпарастидошта ва таранумгари истиқлолу ваҳдати миллӣ аз 9 ноябри соли 2020 эълон гардида, то 1 марти соли 2021 идома ёфта, дар он композиторон, сарояндагон ва шахсони дорои маълумоти мусиқии касбӣ иштирок намуданд.

Дар пайравӣ ба ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани завқу маърифати китобхонию китобдорӣ дар ҷомеа бештар аз як сол мешавад, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхона барои кормандон таъсис дода шудааст. Ифтитоҳи махзани маърифат имкон фароҳам овард, то кормандони кумита дар вақтҳои мусоид тавонанд, баҳри тавсеа бахшидани ҷаҳонбинӣ ва такмили донишҳои соҳавӣ фаровон истифода баранд.
Дар китобхона мувофиқ ба завқу хоҳишҳои дӯстдорони китоб адабиёти гуногун дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла адабиёти ҷаҳон, адабиёти классикӣ, адабиёти илмӣ, адабиёти соҳавӣ ва гӯшаи алоҳида иборат аз китобҳои Сардори давлат таҳти унвони «Асарҳои мондагори Пешвои миллат» гирд оварда шудааст. Болои рафи китобҳоро аксҳои намояндагони адабиёти классикиамон зиннат мебахшанд, ки дар ҳар яки онҳо порае аз мероси мондагори эшон оварда шудааст.
Copyright KTR © 2026,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
